ДАР САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ 4 НАФАР ҲАЛОК ГАРДИД
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд фалокати калони нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 4 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки субҳи 3 сентябри соли ҷорӣ ронандаи мошини тамғаи «Митсубисӣ» (рақами давлатиаш ЕА 32-84 РТ 01) Фарҳод Юлдошеви 39-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Турақули шаҳри Истаравшанро ҳангоми ҳаракат дар километри 220-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд дар вақти ҳаракати мошин хоб мебарад. Дар натиҷа мошин аз роҳ баромада, чаппагардон мешавад. Дар натиҷа, мусофирон Миршамшер Мирҷонови 50-сола истиқоматкунандаи кӯчаи Исписори шаҳри Душанбе, Фирдавс Набиеви 23-сола — истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Аюбҷон Муҳиддинови 50-сола — истиқоматкунандаи шаҳри Чкаловск ва Нурмаҳмад Абдураҳмонови 48-сола — истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Худи ронанда Фарҳод Юлдошев ва дигар мусофирон Шӯҳрат Қаюмови 30-сола ва ноболиғ Абдураҳмони Фарҳоди 10-сола бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона фиристода шуданд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






