ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА Д.МЕДВЕДЕВ ҲАМДАРДӢ ИЗҲОР НАМУД

Сентябрь 15, 2008 11:57

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба унвони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барқияи ҳамдардӣ фиристод. Дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Аз хабари ба фалокат дучор гардидани ҳавопаймои мусофирбар, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёди одамон ҳалок шудаанд, хеле андӯҳгин гардидам. Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму андӯҳ ба Шумо аз номи халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти дил ҳамдардӣ баён менамоям. Аз Шумо хоҳишмандам, ҳамдардии моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони халокшуда бирасонед». Дар ин бора аз дафтари матбуоти Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сентябрь 15, 2008 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид