ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МОСКАВ РАФТ
Имрӯз, 5 сентябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Москав рафт. Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Сарвари давлатро раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳури Амиршо Миралиев ва шахсони дигари расмӣ гусел карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳуриро мушовири давлатии Сарвари давлат оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Хайруллоев, котиби амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






