ЭМОМАЛИ РАҲМОН БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО САФАР КАРД
Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Иҷлосияи 63– юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.Дар ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Дар фурўдгоҳи шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оќил Оќилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.Интизор меравад, ки зимни сафари худ ба шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 63– юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамчунин дар чорабинии сатҳи олии «Баррасии дастовардҳои Ҳадафҳои рушд, ки дар Эъломияи ҳазорсола омадаанд» ва ҷамъомади сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама» ширкат меварзад. Чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама» таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҷамъомади сатҳи олии татбиќи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳти ҳамраисии ў ҷараён хоҳанд гирифт, ки ин бозгў аз наќши намоёни Тоҷикистон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалӣ ва пешниҳодоти ќабулгаштаю татбиќшавандаи Сарвари давлатамон мебошад.Дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин мулоќотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, роҳбарони як зумра давлатҳои ҷаҳон ва дигар ходимони сиёсию ҷамъиятии сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ дар назар аст.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






