ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ ҶАРАЁНИ ТАНТАНАҲОИ ИДОНА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Рўзҳои 9-ум ва 10-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар идомаи тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 17-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 1150 – солагии Абўабдулло Рўдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дошт.Тайи ду рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи санаҳои фархундаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Истаравшану Шаҳристон ва шаҳри Панҷакент- зодгоҳи қофиласолори шеъру адаби тоҷику форс иштирок намуда, чандин иншооти ҷашниро мавриди истифода қарор дод ва ба сохтмони як зумра иншооти дигар оғози расмӣ бахшид. Дар фурўдгоҳи шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва намояндагони аҳли ҷамоатчигии вилояти Суғд бо шукўҳу шаҳомати идона истиқбол гирифтанд.Намоиши рўдакихонии устодони санъат ва ҳаваскорони навраси шаҳри Хўҷанд, ки дар саҳни фурўдгоҳ баргузор гашт, басо дилангезу гуворо таҳия гашта буд.Баъди анҷоми ин намоиш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокчиёну саҳмгузорони сершумори он расми хотиравӣ гирифта, ба онҳо баҳри заҳматҳои сидқию самимиашон, ки дар таҳияи он сарф намудаанд, арзи сипос кард. Онҳо аз ин қадршиносии Сарвари фарҳангпарвари Тоҷикистони навин басо сарфароз ва шоду фараҳманд гаштанд, хусусан ҷавонону наврасон, ки ба раҳбару раҳнамои давлатамон эҳтирому муҳаббати беандоза доранд. Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд бо иштирок намудани ў дар маросими ифтитоҳи пайкараи биринҷии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили чапи Сирдарё парда аз болои лавҳаи ёдгории пайкара бардошта, онро ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанди бостонӣ баҳри арҷгузорӣ ба қофиласолори шеъру адаби тоҷик Абўабдуллоҳи Рўдакӣ боз намуд.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикии худ пайкараи Шоҳ Исмоили Сомониро, ки нўҳ сол пеш дар соҳили рости рўди Сир қомат афрохта буд, ифодаи ҳастии миллати созандаи тоҷик ва рамзи давлату давлатдории ин халқи куҳанбунёд ва муҷассамаи устод Рўдакиро рамзи шукўҳи шеъру адаби оламгири тоҷик ва таҷассуми фарҳангу маънавиёти мардуми мо маънидод кард.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки минбаъд ин мавзеъ Боғистони устод Рўдакӣ гашта, пояи муҷассамаи ў ҷойгоҳи маҳфилороӣ, баргузории шабҳои адабӣ, маҳфилҳои мусиқӣ ва барномаҳои идона мегардад ва чароғи абадии шеъру сухани волои тоҷикӣ дар зодбуми Камолу Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ва Темурмалики диловар ҷовидон фурўзон мемонад.Аҳли адабу ҳунари Хуҷандшаҳри бостонӣ ба Сарвари раъиятпарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қолинчаро бо расми дастдўзии устод Рўдакӣ чун армуғони идона пешкаш намуданд, ки ҳар нақшу дарзаш бо меҳру муҳаббати хосса дар зарфи се моҳ дўхта шудааст.Худи ҳамон рўз дар назди пайкараи султони шоирони Аҷам Абўабдуллоҳи Рўдакӣ намоиши театрикунодашудаи муҳити кору эҷоди Рўдакию дигар аҳли шеъру фарҳанг дар дарбори амирони сомонӣ ва маҳфили дилорои шеърусурудхонӣ баргузор гашта, барои дар оянда ба як базмҷою маҳфилгоҳи адабию фарҳангӣ табдил ёфтани ин мавзеъ оғози наку гузошта шуд. Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар назди устодон ва шогирдони ин донишгоҳ, ки имсол 15-сола шуд, онҳоро бо санаҳои фархундаи умумимиллӣ ва солгарди 15-уми ин даргоҳи илму маърифат шодбош гуфт.Чунонки аз суханронӣ маълум шуд, ин бинои нимсохт аз мувозанаи Бонки миллии Тоҷикистон бароварда, ба ин донишгоҳ дода шудааст, то ки минбаъд дар он барои 3000 нафар донишҷў шароити муосири таҳсилу илмомўзӣ муҳайё гардад.Дар ин бино 100 синфхонаи бузургҳаҷм, 24 синфхонаи хурд ва 1 толори маҷлисгоҳ бунёд хоҳад ёфт.Зимни суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати зиёд ба омодасозии кадрҳои соҳаҳои бизнес, сиёсат ва ҳуқуқи байналмилалӣ ба ҳозирин мужда расонд, ки дар зарфи се соли оянда барои дастгирии бевоситаи сохтмону таҷҳизи ин бино аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар зарфи панҷ соли оянда як миллионӣ сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад.Баҳри мусоидати фаъол ба болобарии ҳисси худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ба Вазорати маорифи кишвар дастур дода шуд, ки китоби «Андешаи миллӣ ва истиқлоли давлатӣ» таҳия, нашр ва ҳамчун фанни алоҳида ба барномаи таълимии мактабҳо ворид карда шавад.Дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба мавзеи бунёди фабрикаи ресандагии Хуҷанд-Нику, ки аз ҷониби ширкати тоҷикистонии Хуҷандинвесткоттон ва ширкати эронии Нику бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмону васлгарии он аз наздик шинос шуд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки сохтмону таҷҳизи ин бинои нимсохт тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри коркарди ҳарчи бештари нахи пахта дар дохили кишвар моҳи майи соли равон оғоз ёфт ва то имрўз аксари корҳои он анҷом ёфта, техникаю таҷҳизоти бо технологияи ҷопонӣ дар кишвари Австрия сохташуда ба ин ҷо ворид гардидааст.Корхона аз се коргоҳи асосӣ иборат буда, дар он корҳои пахтасафедкунӣ ва истеҳсоли ришта, дастмол, сачоқ ва либосҳои бемористонӣ ба тариқи истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда мешавад.Тибқи нақшаи роҳбарият навбати аввали корхона то охири моҳи ноябри соли равон бояд ба истифода дода шавад ва 250 нафарро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намояд. Баъди ба кор даромадани се навбати корхона дар он барои 600 нафар ҷойи кор омода мегардад.Мувофиқи маълумоти технологӣ навбати аввали корхона метавонад дар як сол аз 3000 тонна нахи пахта 2500 тонна риштаи хушсифат истеҳсол намояд. Корхона дар оянда бо иқтидори пуррааш дар як сол метавонад 9000 тонна нахи пахтарро коркард кунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки оянда ҳамчунин корхонаҳои бофандагӣ, рангубор ва дўзандагӣ низ бунёд карда шаванд, то коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар таъмин гардад.Дар боғи навбунёди Ваҳдати миллии шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бинои маъмурияти онро ифтитоҳ намуда, нашъунамои дарахтони навруста ва истифодабарии пурсамари заминҳои байни қаторҳои онҳоро аз назар гузаронд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи самарабахши ин заминҳо, ки саршор аз маҳсулоти кишти такрории дуюм ва сеюманд, хушнуду сипосгузор шуд ва ҳамзамон ба масъулин дастур дод, ки нигоҳубини ниҳолҳои боғро мувофиқи талаботи агротехникӣ ба роҳ монанд, то ки он ба як боғи намунавии кишвар табдил ёбад.Роҳбари Давлат Эмомали Раҳмон ва ҳамроҳони ў дар ин ҷо шоҳиди истифодаи пурсамари заминҳои обии байни дарахтон шуданд. Деҳқонон ният доранд, ки аз ин заминҳо се- чор ҳосили сабзавот ва зироатҳои лўбиёгию полезӣ ба даст оранд.Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва маҳсули сиёсати раъиятпарваронаи ў боиси сипосгузорӣ ва мавриди дуою фотиҳаи неки пирони кор қарор гирифтааст.Мавриди зикр аст, ки бунёди ин боғ дар масоҳати 120 гектар 20 марти соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони сершумори зиёиёни кишвар чун армуғони наврўзии онҳо оғоз ёфта буд. Дар боғ 14 намуд дарахтони мевадиҳандаю сояафкан аз ҷониби деҳқонону боғпарварони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шинонда шудааст, ки шумораи умумии ниҳолҳо 44 ҳазор бехро ташкил медиҳад.Дар боғи навбунёди Ваҳдати миллии шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сохтмони чойхонаи нави миллӣ, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, оғози расмӣ бахшида, ба масъулин дастур дод, ки дар ин ҷо як ҳавзи хуб ҳам бунёд карда шавад ва изҳори боварӣ намуд, ки ин мавзеъ ба як гўшаи биҳиштосои вилояти Суғд табдил меёбад.Минбаъд боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар ноҳияҳои Истаравшану Шаҳристон идома ёфт. Мардуми фарҳангпарвару қадршиноси шаҳри Истаравшани бостонӣ сарвару раҳнамои давлати навину соҳибистиқлоли тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳофарию шукуфонии кишвар дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми корхонаи Оби зулол расман ба кор шурўъ намуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тугмачаро пахш намуда, дастгоҳҳои ҳозиразамону хушсифати автоматии онро ба кор даровард ва нахустин қуттиҳои афшураи зардолу, ки ба ин ҷо дар зарфҳои калонҳаҷм аз боғҳои беканори зардолупарварони ноҳияи Конибодом оварда мешавад, ба тасмачархи хатти нави технологӣ равон шуданд. Чунонки аён шуд, тамоми корҳои бастабандии афшура ба таври автоматӣ сурат мегирад. Зимни шиносоӣ бо корхона зикр гардид, ки дар он дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ бо харҷи зиёда аз 2,5 миллион доллари амрикоӣ хатти нави технологӣ омодаи кор гаштааст, ки дар як соат метавонад 6 ҳазор баста шарбати табиӣ истеҳсол намояд. Иқтидори солонааш бошад, ба 36 миллион литр баробар аст. Сифати шарбатҳо ва зарфҳои истифодашаванда ҷавобгў ба талаботи байналмилалӣ буда, рақобатпазирии маҳсулоти корхонаро дар бозори ҷаҳонӣ таъмин менамоянд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳо дар ин корхона изҳори хушнудӣ карда, ба масъулини дахлдор дастур дод, ки баҳри коркарди васеъи тамоми маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили ҷумҳурӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва аз худ намудани бозори дохилӣ пайваста тадбирҳои судбахш андешанд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари корхонаи «Оби Зулол» супориш дод, ки дар Истаравшан аз хисоби даромадҳои худӣ барои 340 нафар хонанда як мактаби ҳозиразамон бо тамоми таҷҳизоту асбобҳои хонишаш бунёд карда, то оғози соли таҳсили 2009-2010 ба истифода диҳад.Бо истифода аз фурсати ғанимат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба мавзеи бунёди нақби мошингарди Шаҳристон ташриф оварда, бо рафти сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳимми нақлиётӣ ва пайвандгари ҷанубу шимоли кишвар аз наздик шинос шуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сохтмончиёни тоҷику чинӣ сўҳбатҳои гарму самимӣ анҷом дода, ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои наздик ба нақби Шаҳристон дастур дод, ки пайваста аз эҳтиёҷоти моддию маънавии онҳо бохабар бошанд.Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмону васлгарӣ зикр гардид, ки айни ҳол аз 5253 метри нақби мошингарди Шаҳристон 2400 метраш омода гаштааст. Сохтмончиён иттилоъ доданд, ки бунёди пурраи нақбро то охири соли оянда ба анҷом хоҳанд расонд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки тамоми корҳои сохтмону васлгарӣ бояд бо сифати баланд ва дар сатҳи талаботи байналмилаӣ анҷом дода шаванд.Субҳи рўзи 10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идонаи бахшида ба 1150 – солагии Абўабдулло Рўдакӣ ба шаҳри Панҷакент ташриф овард.Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Панҷакент дар деҳаи Панҷрўд-зодгоҳи поягузори шеъру адаби тоҷику форс Абўабдулло Рўдакӣ оғоз ёфт.Мардуми шеърдўсту меҳанпарасти деҳаи Панҷрўд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому муҳаббати хосса ва арҷгузорӣ ба сиёсати бобарору пурмаҳсули давлатдории миллӣ самимона истиқбол гирифтанд. Дар деҳаи Панҷрўд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи маҷмўи иншооти мақбара ва нимпайкараи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ иштирок намуд.Дар деҳаи Панҷрўд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи маҷмўъи иншооти мақбара ва нимпайкараи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ иштирок ва дар назди меҳмонони сершумори дохилию хориҷӣ суханронӣ намуд.Дар маҳфили адабие, ки дар назди маҷмўъи мақбара ва осорхонаи Рўдакӣ баргузор гашт, баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Раиси Бунёди фарҳангии Рўдакии Фаронса Масъуди Миршоҳӣ ва чанде аз пирони барнодили деҳаи Панҷрўд низ суханронию шеърхонӣ карданд. Шеърхонию шеърдонии мусафедони ҳамдеҳаи Рўдакӣ, ки ба устод монандии зиёд доранд, ҳамагонро мафтун намуд.Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҷамъи меҳмонони сершумор аз иншооти ин маҷмаи ба тозагӣ таҷдидшуда аз наздик шинос шуданд.Онҳо дар назди оромгоҳи Абўабдулло Рўдакӣ бо қироати чанд оят аз Қуръони карим барои ободию пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз ва некуаҳволии мардуми шарафманди он ба даргоҳи офаридгори олам дуою фотиҳа карданд.Чунонки дар рафти шиносоӣ бо ин мавзеъ маълум шуд, бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҷудо гаштани беш аз шаш миллион сомонӣ оромгоҳи устод мувофиқи тарҳи меъмории биноҳои асри даҳи мелодӣ ва тақозои истиқлолу давлатдории миллӣ мувофиқ карда шуда, осорхонаю чойхонаи ҳудуди оромгоҳ тармиму бозсозӣ гардидаанд ва дар рў ба рўи он нимпайкараи устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ гузошта шудааст, ки худи ҳамон рўз парда аз болои он бо дастони пурфайзи Сарвари давлатамон бардошта шуд. Тибқи нақшаҳои оянда дар ин ҷо боғи наве ҳам бунёд карда мешавад.Чунонки аз сўҳбатҳо аён шуд, зиёрати оромгоҳи одамушшуаро, султони шоирони Аҷам Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва иштирок дар ифтитоҳи иншооти нави атрофи он боиси шодию сарфарозии меҳмонони огоҳу қадршиноси дохилию хориҷӣ гаштааст.Мардуми сипосгузори деҳаи Панҷрўди шаҳри Панҷакент аз корҳои ободонию созандагие, ки бо супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо анҷом ёфтаанд ва умуман аз сиёсати давлатдорию давлатсозии ин фарзанди сарсупурдаи миллати тоҷик изҳори шодию сарфарозӣ мекунанд. Баъди иштирок дар тантанаҳои идонаи деҳаи Панҷрўд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маркази шаҳри Панҷакент ташриф овард ва дар маросими ифтитоҳи осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ иштирок намуд.Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки осорхона дар доираи омодагӣ ба ҷашни Рўдакӣ ва баъди бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гаштани 880 ҳазор сомонӣ пурра мавриди азнавсозӣ қарор гирифт. Ҳоло осорхона аз 8 толори калон иборат буда, дар он осори шаҳри бостонии Саразм, Панҷакенти қадим, давлати Сомониён, ёдгориҳои Рўдакӣ, экспонатҳои этнографӣ, осори Тоҷикистони Шўравӣ ва давлати навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба тамошои ҳаводорону дўстдорони таъриху фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик пешкаш гаштаанд. Дар кўчаҳои шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони сершумори ҷашнҳои фархундаи миллӣ шоҳиди намоиши бошукўҳи маҳсули ҳунарҳои мардумии ҳунармандони ин шаҳри куҳанбунёд гашта, аз самараи завқу салиқаи баланди онҳо як ҷаҳон таассуроти дилоро бардоштанд. Дар чаҳорчўби нақшаю барномаҳои омодагӣ ба ҷашни 1150 – солагии Абўабдулло Рўдакӣ дар шаҳри Панҷакент ва ҳамаи гўшаю канори он дар зарфи чанд соли охир корҳои зиёди ободонию созандагӣ анҷом ёфтаанд.Аз соли гузашта ин ҷониб дар шаҳри Панҷакент зиёда аз 30 иншооти хурду бузурги нав бунёд ёфтаанд, ки барои сохтмони 13 иншооти бузурги он қариб 25 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷудо карда шудааст.Аксари вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ низ кўшиш намудаанд, биноҳои идораҳои маҳаллии худро дар доираи ин ҷашнвора ободу зебо ва муҷаҳҳаз гардонанд.Шоми ҳамон рўз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент чорабинии бошукўҳи идона баргузор гашт, ки бо суханронии шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.Мардуми шукргузори Панҷакенти бостонӣ дар ин ҷо сарвару раҳнамои давлату миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро бо ифодаи олии эҳтирому самимият ва меҳру муҳаббат истиқбол гирифтанд. Ҳунармандони маъруфи театру кино ва устодони рақсу сурудҳои миллӣ намоиши бошукўҳи театрикунондашуда ва консерти рангоранги идона барпо намуда, хотири ҳазорон нафар меҳмонону сокинони Панҷакенти бостониро болида карданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.