ИҶЛОСИЯИ 63 – ЮМИ МАҶМАИ КУЛЛИ СММ КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Ню – Йорк иҷлосияи 63 – юми Маҷмаи кулли СММ кушода мешавад. Дар он муҳокимаи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаи имрӯза аз 23 сентябр то 1 октябр давом мекунад. Дар он сарони бештар аз 120 давлат, инчунин вазирони корҳои хориҷӣ ва сарони ҳайатҳо сухан мекунанд. Маҷмаи кулли СММ айни ҳол ягона мақоми умумибашарӣ мебошад, ки масъулияти таъмини сулҳу амнияти саросари ҷаҳон, рушди иқтисодӣ барҳам додани қашшоқӣ, аз байн бурдани бемориҳо, халъи силоҳ, таъмини ҳуқуқи инсон ва ҳифзи муҳити зистро ба зимма гирифтааст. Маҷмаи кулли СММ соли 1946 — ум 51 давлатро муттаҳид мекард, ҳоло шумораи мамлакатҳои аъзои он ба 192 расидааст. Дар иҷлосияи имсолаи Маҷмаи кулли СММ 160 масъала муҳокима карда мешавад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






