ИМЗОИ ЛОИҲАИ МЕМОРАНДУМИ ҲУСНИ ТАФОҲУМ ВА ҲАМКОРӢ
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Роҳбарони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Созмони байналхалқии муҳоҷират 19 сентябр дар шаҳри Минск лоиҳаи меморандуми ҳусни тафоҳум ва ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират имзо хоҳанд кард. Меморандум асосҳои ҳамкориро дар соҳаи муҳоҷират, аз чумла, мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон пешбинӣ мекунад. Имзои он ба истифодаи таҷриба ва кӯмакҳои Созмони байналхалқии муҳоҷират барои такмили заминаи қонунӣ дар соҳаи муҳоҷират шароит муҳайё месозад. Ба ин васила имкониятҳои созмон барои омӯзиши ҳамаҷонибаи кормандони мақомоти дахлдор, тайёр кардан ва бозмоӯзии кадрҳои мутахассис ва пешгирии ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон мавриди истифода қарор дода мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маросими имзои лоиҳаи меморандум директори генералии Созмони байналхалқии муҳоҷират Брансон Маккинли ва раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат меварзанд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






