ИСТЕҲСОЛИ КАРТОШКА МЕАФЗОЯД
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Картошкапарварӣ бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ буда, дар таъмини аҳолӣ бо озуқа нақши калон мебозад. Имрӯзҳо, дар саросари ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва захира намудани картошка давом дорад. Тибқи хабари дафтари марбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, то имрӯз ҳосили 2830,6 гектар картошказор ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 285,8 гектар зиёд мебошад. Тибқи нақша, имсол бояд 212 ҳазору 931 тонна картошка ҷамъ оварда шавад. То 22 сентябри соли равон 60123,7 тонна картошка ҷамъ оварда шуд, ки 28,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соли гузашта то ҳамин давра 47366,2 тонна истеҳсол гардида буд. Имсол, нисбат ба соли гузашта 12757,5 тонна зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 212 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 26 сентнерӣ зиёд аст.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






