КАМБУДИ ГАЗИ ТАБИӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Кӯлоб, 1 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Сардори ҷамъияти саҳомии «Кӯлобгаз» Хайрулло Ҳабибуллоев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки айни ҳол танҳо 9 фоизи аҳолии шаҳри Кӯлоб аз гази табии истифода меба-раду халос. Вай қайд кард, ки конҳои гази Хоҷасартез ва Бештентоқ дар давоми ду со-ли охир тармим карда шаванд ҳам, аммо маҳсулнокии онҳо ниҳоят ночиз мебошад. Ба қавли Х. Ҳабибуллоев, барои таъминоти пурраи аҳолии шаҳр дар як шабонарӯз аз 65 то 70 ҳазор метри мукааб гази табиӣ лозим аст. Ҳол он ки айни ҳол ба шаҳр ҳамагӣ дар як шабонарӯз 6 ҳазор метри мукааб газ дода мешавад. Қайд карда шуд, ки идораи «Кӯлобгаз» барои дар фасли зимистон таъмин намудани аҳолӣ миқдори зару-рии гази моеъ ва фишурдаро захира хоҳад кард.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






