МАҶЛИСИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ МАМЛАКАТҲОИ СААД ДАР МАСКАВ
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар Маскав маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Тавре хабар дода шуда буд, дар он силсилаи ҳуҷҷатҳо ва масъалаҳои марбут ба ҳамоҳанг сохтани сиёсати берунии мамлакатҳои аъзои созмон, маърӯзаи ҳарсолаи муншии умумии созмон ва ғайра муҳокима карда мешаванд. Пагоҳ, 5 сентябр дар пойтахти Русия иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баргузор мегардад, ки дар он сарони давлатҳои аъзои созмон иштирок хоҳанд кард. Маълумотномаи АМИТ «Ховар»: Президентҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 15 майи соли 1992 дар Тошканд дар бораи таъмини амнияти дастаҷамъӣ аҳднома имзо карда буданд. Озарбойҷон аҳдномаи мазкурро 24 сентябр, Гурҷистон 9 сентябр ва Белорусия 31 декабри соли 1993 имзо карданд. Аҳднома 20 апрели соли 1994 эътибор пайдо намуд. Мӯҳлати эътибори он 5 сол муқаррар гардида буд. Баъдан Президентҳои Арманистону Белорусия, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияю Тоҷикистон дар бораи 5 соли дигар дароз кардани мӯҳлати эътибори аҳднома протокол имзо карданд. Гурҷистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон аз имзои аҳднома худдорӣ намуданд. 14 майи соли 2002 дар Маскав Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба созмони байналхалқии СААД табдил дода шуд. Ӯзбекистон моҳи августи соли 2006 дубора ба узвияти созмон қабул карда шуд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






