НАМОЯНДАГОНИ ИДМ ҶАРАЁНИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ОЗАРБОЙҶОНРО МУШОҲИДА МЕКУНАНД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- 250 нафар намояндаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба мушоҳидаи ҷараёни тайёрӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон шурӯъ намуд. Ба гурӯҳи мазкур Котиби иҷроияи ИДМ С.Лебедев роҳбарӣ мекунад. Фаъолияти мушоҳидони ИДМ- ро ситоди махсус ҳамоҳанг месозад, ки 15 сентябр дар Боку ба кор шурӯъ намуд. Вазифаи ситод омода сохтани ҳуҷҷатҳо барои ба қайд гирифтани мушоҳидон, назорати давраҳои маъракаи интихобот,ҷамъ овардан ва таҳлил кардани ҳуҷҷатҳо, ташхиси қонунгузории интихобот ва инъикоси ҷараёни он дар матбуот, инчунин гузаронидани мулоқотҳои пешазинтихоботӣ бо номзадҳои мансаби Президенти Озарбойҷон ва тақсими гурӯҳҳои мушоҳидон дар минтақаҳои ин мамлакат мебошад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






