РУДОЛЬФ ШОХ «МО АЛҲОЛ РАФТАНӢ НЕСТЕМ»
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоева, Фарангис Раҳимова).- Дар шаҳри Душанбе чорабиниҳо бахшида ба 10 солагии ҳамкории Тоҷикистон бо Швейтсария анҷом меёбанд. Баргузории синамо-иҷлосия, викторина, консерти симфонӣ-ҷазӣ дар иҷрои оркестри «Базморо» ва ҳунарнамоии сарояндагони гурӯҳҳои эстрадӣ бо ширкати Шабнами Сураё, Далер Назаров ва гурӯҳи «Шамс» дар барномаи рӯзи охири чорабинӣ ҷой дорад. Дирӯз бо иштироки ҷонишини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва директории идораи оид ба ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Рудольф Шох нишасти матбуотӣ баргузор гардид. «Идораи оид ба ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон намояндагии Швейтсария дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ҳамкории техникиро миёни ду давлат, ки ба беҳтаршавии хизмати тиббӣ, дастгирии идораи самараноки захираҳои обӣ ва таҳкими нерӯи институтсионалии ташкилотҳои давлатӣ равона карда шудааст, анҷом медиҳад»,- қайд намуд Рудольф Шох. Ба гуфти вай маблағи ҳарсолаи буҷаи идораи оид ба ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон аз 13 то 15 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекунад ва ин маблағҳо ба соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида мешавад. «Аз ҷониби ҳукумати мо дар давоми солҳои оянда маблағгузорӣ афзоиш меёбад, ки ин маънои онро дорад, ки мо алҳол аз ин ҷо рафтанӣ нестем»,- гуфт дар охир Р.Шох.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






