ШАҲРВАНДОНИ ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ТАСАРРУФИ ЧОРВО ДАСТГИР ШУДАНД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сокини ҷамоати Фароби шаҳри Панҷакент, чӯпони деҳаи Ғелониён Ҳаитбой Саидов 36-сола ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент шикоят кард, ки 2 сентябри соли ҷорӣ тақрибан соати 24-и шаб дар мавзеи сойи Мансур шахсони номаълум ба ӯ ҳамла оварда, бо калтакҳо лату кӯб намуда, 26 сар говро ба маблағи 10 ҳазору 763 сомонӣ зӯран кашида гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ муайян карданд, ки ҷинояти мазкурро истиқоматкунандагони деҳаи Қарағани ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сайфиддин Ёқубови 46-сола ва Шариф Ғайбуллоеви 36-сола содир карданд. Говдуздон дастгир карда ва далелҳои шайъӣ пурра ба даст оварда шуданд. Нисбати дуздон парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






