ШАРТНОМАИ «ШОҲМАНСУР»
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти ҷонишини директори бозори «Шоҳмансур» Алиҷон Холиқов, нархи маҳсулоти аввалияи ниёзи мардум дар бозори мазкур дар арафаи Иди Рамазон аз тарафи соҳибкорон 20 % паст фароварда шудааст. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, бо мақсади таъмини аҳолии шаҳр бо маводи ғизоӣ дар рӯзҳои моҳи Шарифи Рамазон ҳар ҳафта ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил ёфт. Ҳоло маъмурияти бозор бо кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ шартнома ба имзо расонидааст. Тибқи шартномаи басташуда, ба бозори «Шоҳмансур» бештар аз 70 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ворид карда мешавад. Ҳоло картошкаи Мастчоҳ дар бозори Шоҳмансур бо нархи 1 сомонию 50 дирам, 1 сомонию 60 дирам ба фурӯш бароварда мешавад, ки нисбат ба бозорҳои дигари шаҳр 30 фоиз арзонтар аст.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






