ТАҶДИДИ РОҲИ ДУШАНБЕ-САРҲАДИ ҚИРҒИЗИСТОН ИДОМА ДОРАД
Душанбе, 22 сентябри (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-Дар доираи Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд таҷдиди роҳи автомобилгарди Нуробод – Рашт дар км 140-217 ва беҳтар намудани ҳолати қитъаи километри 12 – уми роҳи назди сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон (Қарамиқ) идома дорад. Бояд тазаккур дод, ки ин созишнома аввали соли 2006 ба имзо расида буд. Тавре дар Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамчунин дар асоси ин созишнома, беҳтар намудани ҳолати 60 километр роҳҳои маҳаллӣ, хариди техника ва таҷҳизот барои нигоҳубини роҳ дар назар аст. Тибқи шартнома, корҳои сохтмониро дар ин шоҳроҳ ширкати «Синохайдро» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом медиҳад. Айни ҳол корҳо дар самти ҳамвор кардани замин, шинонидани қубурҳои обгузар, бунёди ҷуйборҳои обпарто ва сохтмони таҳкурсиву такяагоҳҳои кӯпрукҳо дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт идома доранд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






