ТАҶЛИЛИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ

Сентябрь 10, 2008 15:55

Маскав, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав ба муносибати Иди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ ороста шуд. Сафири кабири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев ҷамъомадагонро хайра мақдам гуфта, зикр намуд, ки аз мардуми Русия ва вазорати корҳои хориҷии ин мамлакат сипосгузор аст. Зеро имрӯзҳо дар минтақаҳои Федератсияи Русия бо иштироки фаъолонаи мақомоти маҳаллӣ, аҳли ҷамъият ва зиёиёни эҷодкор ба муносибати 17- солагии истиқлолияти Тоҷикистон ҷамъомадҳои пуршукӯҳ баргузор мегарданд. Қабл аз ин ба шарафи 1150 — солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдулло Рӯдакӣ маҳфилҳои адабӣ гузаронида шуданд. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин изҳор намуд, ки «Ҷараёни истиқрори истиқлолияти Тоҷикистон хеле душвор ва пурфоҷиа буд, мамлакат дар ин давра санҷишҳои вазнинро аз сар гузаронд. Халқи тоҷик таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат созгории миллиро таҳким бахшида, роҳи пешрафти иқтисодиёт ва беҳтар сохтани шароити зиндагии мардумро пеш гирифт. Дар Русия ба муносибатҳои ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ ва боэътимод баҳои баланд дода мешавад». Дипломати Русия қайд кард, ки муносибатҳои ҳар ду мамлакат муттасил ва ҳамаҷониба густариш ёфта, ояндаи калон доранд. Мулоқоти Президентҳои Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе дар доираи сафари расмии Д.Медведев ба Тоҷикистон ва мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар бобати равнақу ривоҷи муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба саҳми калон гузоштанд. Ба қавли Г. Карасин, барои амалӣ сохтани паймонҳои дар Душанбе бадастомада мулоқоти охирини вазирони корҳои хориҷии ҳар ду мамлакат Сергей Лавров ва Ҳамрохон Зарифӣ нақши муайян мебозад. Онҳо зимни мулоқот мавқеъҳояшонро аз рӯи проблемаҳои муҳимтарини минтақавию байналхалқӣ мувофиқ сохтанд.

Сентябрь 10, 2008 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад