ТАБРИКОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ

Сентябрь 1, 2008 11:22

ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2008-2009 31-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2008 Шогирдону донишҷӯён, устодону омӯзгорони мӯҳтарам! Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрику муборакбод менамоям. Дар ҳама давру замон илмомӯзию маърифатпарварӣ яке аз омилҳои тақдирсози миллату кишварҳо дониста шудаанд. Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҷомеа аст. Ҳукумати кишвар таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибилм ва мутахассисони баландихтисосро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, ҷиҳати инкишофи соҳаи маориф пайваста кӯшиш менамояд. Дар баробари таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои ба сатҳи талаботи замон баровардани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Бо ин мақсад маблағгузории соҳаи маориф тадриҷан афзоиш ёфта, соли равон қариб 700 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ танҳо дар якуним соли охир дар саросари кишварамон беш аз 230 муассисаи таълимӣ бунёд ва таъмиру таҷдид карда шуданд, ки маблағи умумии онҳо 250 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин муддат ҳамчунин қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо дастгирии молиявии шахсони саховатманд ва ташаббуси қувваи гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шудаанд, ки барои чунин иқдоми нек ба онҳо изҳори миннатдорӣ менамоям. Барои беҳбудии шароит ва вазъи муассисаҳои таълимӣ Ҳукумати кишвар минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар айни ҳол аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои бо сӯзишворӣ таъмин кардани тамоми муассисаҳои таъиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шудаанд. Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф, энергетика ва саноат, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи кишвар вазифадоранд, ки то фаро расидани фасли сармо ҳамаи мактабҳои миёнаву олӣ ва беморхонаву табобатгоҳҳоро бо ангишт ва ҳезум пурра таъмин намоянд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Ҳукумати кишвар ба он таваҷҷӯҳи хоса дорад, ин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар кулли муассисаҳои соҳа мебошад. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи ислоҳот солҳои охир дар соҳаи маориф дигаргуниҳои мусбӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Ҳамаи дастовардҳое, ки дар ин самт мо ноил гардидем, аз файзу баракати истиқлолияти кишвари азизамон мебошад, ки мову шумо ҳоло дар арафаи таҷлили 17-умин солгарди он қарор дорем. Вале дар шароити ҳозираи пешрафти босуръати илму техника ва технологияи навин ин муваффақиятҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки ҳамқадами замон бошем, бояд насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намуда, онҳоро бештар ба донишандӯзӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи муосир раҳнамоӣ намоем. Вобаста ба татбиқи самарабахши барномаву консепсияҳои дар ин самт қабулгардида аз Вазорати маориф, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифтану амалӣ гардонидани тадбирҳои зиёди мушаххас тақозо мегардад. Дар айни ҳол рисолати шумо – насли ҷавони кишвар, иштироки фаъолона дар машғулиятҳо, хондан, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар аст. Зеро ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати тамаддунофари мо дар дасти шумост. Итминони комил дорам, ки ҳар яки шумо, бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардаи давлат хуб таҳсил карда, барои соҳибмаърифату соҳибкасб шудан азму талош менамоед. Мо аз шумо — устодони гиромӣ, умедворем, ки барои ба сатҳи сифатан нав баровардани таълиму тарбияи наврасон ва донишҷӯён маҳорату малакаи хешро дареғ нахоҳед дошт. Дар охир ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили нав табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хонаободӣ, бахту иқбол орзумандам.

Сентябрь 1, 2008 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид