ТАЙЁРӢ БА МУЛОҚОТИ ЗИЁИЁНИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДКОР
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар Душанбе тадбирҳои омодагӣ ба гузаронидани мулоқоти сеюми зиёиёни илмию эҷодкори давлатҳои аъзои ИДМ анҷом меёбанд. Амалӣ сохтани тадбирҳои омодагӣ ба мулоқоти мазкур ба зиммаи вазорати фарҳанги ҷумҳурии мо гузошта шуда буд. Муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Фароғат Азизӣ зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки кормандони муассисаҳои фарҳангӣ ба озмун пурра тайёранд. Дар консерте, ки рӯзи кушодашавии мулоқот баргузор мегардад, ҳунармандони тоҷик, мутрибон Маҳмуд Сангинов ва Сайидо Амонов иштирок менамоянд. Ҳунарпешагони мамлакатҳои ИДМ рӯзи аввали мулоқот асарҳои бастакорон Бетховен, Россини, Штраус ва оҳангсози тоҷик Қудратулло Ҳикматовро иҷро хоҳанд кард. Барои иштирок дар мулоқоти мазкур Оркестри байналхалқии симфонии мутрибони ҷавон ташкил карда шудааст. Ба он Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Юрий Симонов роҳбари мекунад. Оркестри мазкур аз 13 сентябр сар карда, дар баъзе шаҳрҳои ИДМ, аз ҷумла, Маскав, Боку, Душанбе, Алмаато ва Бишкек ҳунарнамоӣ мекунад. Намояндагони Тоҷикистон дар доираи мулоқот дар маҳфилҳои бойгонишиносӣ, китобхонашиносӣ, фаъолияти осорхонаҳо, театр, кино, мусиқӣ, санъати сирк, санъати тасвирӣ, меъморӣ ва ороишгарӣ ширкат меварзанд. Рӯзҳои мулоқот дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоишгоҳи калони китобҳои чопи Русия, намунаҳои адабиёти ҷаҳонӣ, асарҳои классикии тоҷикӣ ва халқҳои дигар ташкил карда мешаванд. Фароғат Азизӣ афзуд, ки ба туфайли мулоқоти зиёиёни илмию эҷодкор равобити фарҳангии ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ то андозае аз нав барқарор карда мешавад. Мулоқоти мазкур адибон, овозхонон, мутрибон ва ҳамаи санъаткоронро ба ҳамдигар наздиктар мегардонад, гуфт вай.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






