ТАВАҶҶӮҲИ МАРДУМ БА СУҒУРТА ЗИЁД МЕГАРДАД

Сентябрь 12, 2008 13:58

Имрӯз дар ҷумҳурӣ таваҷӯҳи мардум ба суғурта дар кадом сатҳ қарор дорад? Баҳри равшанӣ андохтан ба ин масъала мухбири АМИТ «Ховар» бо раиси ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» Муҳибалӣ Сафаров ҳамсӯҳбат гардид. Мӯҳтарам Муҳибалӣ Маҳмадалиевич, мегуфтед, ки то имрӯз дар ҷумҳурӣ чанд намуди суғурта мавҷуд аст? Дар ҷумҳурии мо ду намуди суғурта мавҷуд аст — суғуртаи ҳатмӣ ва суғуртаи ихтиёрӣ. Суғуртаи ҳатмӣ бо пешниҳоди Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» мувофиқи санадҳои дахлдори қонунӣ ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад. Суғуртаи ихтиёрӣ бошад бо қарори садорати ширкати мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» сурат мегирад. Айни замон «Тоҷиксуғурта» аз рӯи 36 навъи суғурта ба аҳолии ҷумҳурӣ хизмат мерасонад, ки 13 навъи он суғуртаи ҳатмӣ ва 23 навъи дигар суғуртаи ихтиёрӣ мебошад. Кормандони шумо барои ҷалби мардум ба суғурта чи гуна тадбирҳо меандешанд? Кормандони «Тоҷиксуғурта» бо аҳолии кишвар, ташкилоту идораҳо, корхонаҳо ва вазоратҳо робитаи доимӣ дошта, мунтазам дар вохӯриҳо бо онҳо моҳияти суғуртаро мефаҳмонанд. Амалишавии ин корҳо ба воситаи шартномаҳо ва полисҳои суғуртавӣ сурат мегирад. Натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд буд, ки тибқи маълумоти фаврӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ оиди ҳамаи навъҳои суғурта 14507,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 115,4 фоизи нақшаи нимсоларо ташкил менамояд. Аз маблағҳои воридгардида 11021 ҳазор сомонӣ ба навъи ҳатмии суғурта ва 3486,4 ҳазор сомонӣ ба навъи ихтиёрии суғурта мансуб мебошад. Нақшаи воридшавии пардохтҳои ҳамаи намудҳои суғурта, ба истиснои суғуртаи ҳатмии амволи муассисаҳои кишоварзӣ ҳам дар семоҳаи дуввум ва ҳам дар нимсолаи аввали соли равон пурраю барзиёд иҷро гардид. Дар нимсолаи аввали соли равон бо 393,7 ҳазор ашхоси воқеиву ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ бастанд, ки 271,3 ҳазори он шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ мебошад, ки нисбати шартномаҳои дар нимаи аввали соли 2007 имзошуда 24 ҳазор шартнома зиёд мебошад. Аз аввали сол то имрӯз зарари ба чанд нафар расида ҷуброн карда шуд, дар ин бора чанд мисол оред? Аз аввали соли 2008 ба 9436 нафар, ки ба саломатӣ ва молу мулкашон зарар расидааст ва шартномаи суғуртавӣ доранд ба маблағи 3398,6 ҳазор сомонӣ товони зарар пардохта шуд. Масалан, ба аъзои оилаи сокини ноҳияи Айнӣ, ки рӯзи 5 августи соли равон дар натиҷаи садамаи автомобил дар дарёи Фон ғарқ шуда буд, 2500 сомонӣ кӯмак расонда шуд. Инчунин, ба фарзандони сокини ноҳияи Ҳисор Дилбар Қурбонова, ки дар натиҷаи фалокати нақлиёт ҳалок гардида буд, 2500 сомонӣ пардохт карда шуд. Чунин мисолҳо зиёд ҳастанд. Натиҷаҳои кори Шумо дар давоми ҳашт моҳ чӣ гуна буд? Кормандони мақомоти «Тоҷиксуғурта» дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ хеле хуб кор карданд. Натиҷаи меҳнати самараноки онҳо буд, ки дар ин давра ба маблағи 19 миллиону 179 ҳазору 500 сомонӣ маблағи суғурта ҷамъоварда бо 561 ҳазору 836 нафар шахсони ҳуқуқию воқеӣ шартномаи суғурта имзо карда шуд. Кормандони соҳа бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти суғуртавӣ ва баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ ба суғурташавандагон аз паи омӯзиш ва усулҳои нав мебошанд. Қоидаву дастурамалҳои мушаххаси суғуртаро дар мавридҳои зарурӣ такмил дода, ба онҳо тағйироту иловаҳо ворид менамоянд. Кормандони мо барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар давоми ҳашт моҳи гузашта ба шаҳри Маскав, Ҷумҳурии Украина, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мамлакатҳои дигар фиристода шуданд.

Сентябрь 12, 2008 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?