ТЕЪДОДИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ЧИН ДУ БАРОБАР МЕАФЗОЯД
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Аз сафорати Тоҷикистон дар Пекин ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки солҳои охир теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин ду баробар афзуд. Дар хабари сафорат гуфта мешавад, ки мароқи донишҷӯёни тоҷик ба омӯзиши забони чинӣ солҳои охир торафт меафзояд. Айни ҳол дар мактабҳои олии Чин 63 донишҷӯӣ тоҷик таҳсил мекунад. Илова бар ин бештар аз 150 донишҷӯ дар Чин бо маблағи худ таҳсил мекунанд. Аз рӯи маълумоти расмӣ, Чин дар байни мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷиҳати миқдори донишҷӯёини хориҷӣ ҷойи шашумро ишғол менамояд. Ҳоло дар ин мамлакат аз 188 мамлакати ҷаҳон 195 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






