ЗАХИРАИ ТУХМӢ ЗИЁД ШУД
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ (фермерӣ) ӯҳдадор карда шуданд, ки тухмии ҳамаи намудҳои ғалладонаро дар ҷумҳурӣ сол то сол зиёд намуда, воридоти онро аз хориҷи кишвар кам намоянд. Ёдовар мешавем, ки соли 2007 Вазорати кишоварзӣ қариб 1000 тонна гандум, ҷуворимакка ва чигити тухмиро аз хориҷи кишвар бо нархи дучанд харидорӣ намуда, барои рушди соҳаи ғаллаю пахта ва ҷуворимакка ба хоҷагиҳои деҳқонӣ — фермерӣ тақсим кард. Ҳадаф аз вориди тухмӣ ташкили хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар дохили кишвар ва зиёд намудани навъҳои серҳосили ғалла дар ҷумҳурӣ мебошад. То 1 сентябри соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 120 ҳазору 49 тонна ғалладонаи тухмӣ аз он ҷумла 10 ҳазору 728 тонна гандуми тухмӣ захира намуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 60 фоиз бештар аст.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






