ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲО
Турсунзода 28 октябр.( АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияи Турсунзода тибқи талаботи давру замон ва ҷавобгӯй ба талаботҳои стандратҳои ҷаҳонӣ буда бо суръату сифати баланд идома дорад. Тибқи нақша дар нимаи авВали соли оянда зиёда аз 15 иншооти ҳаётан муҳим ба истифода дода хоҳад шуд, ки чор тои он мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аст. Ин матлаб зимни нишасти матбуотӣ дар суханронии раиси шаҳри Турсунзода Баракатулло Атохоҷа қайд гардид. То 1 уми октябри соли 2008 аз тарафи корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода бо нархи муқоисавӣ ба миқдори 1740893886 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст. Кишоварзони ноҳияи Турсунзода борҳо деҳқони асилу чашми кордон ва ӯҳдабаро будани худро исбот кардаанд. Имсол ҳам онҳо ҳосили фаровони сабзавот, меваҷот, ғалла ва полезиҳо парвариш карда, дар чор ҳазор гектар замин ҳосили фаровони шолӣ ҷамъ оварданд. Айни ҳол ҷамъоварии пахта босуръат идома дорад. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз раиси шаҳри Турсунзода, муовинони раис ва дигар масъулин посухҳои зарурӣ дарёфт намуданд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






