ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ТАМОИЛИ ПАСТРАИ ДОРАНД
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Ба тариқи назорати умуми аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи охири соли равон, 4274 санҷишҳо гузаронида шуда, аз натиҷа ба унвони роҳбарони Вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ 3998 пешниҳод санадҳои эътиноии прокурорӣ ирсол карда шуда аз натиҷаи баррасӣ пешниҳодҳо 3248 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 3602 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, дар асоси қарорҳо 8833 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, иброз дошт дар нишасти матбуотӣ дар Прокуратураи генералии ҶТ прокурори генералии кишвар Бобохон Бобохонов. Ба 8012 қарору фармонҳои ғайриқонунӣ эътироз оварда шуд, 807 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, зарари расонидашуда ба маблағи 96 миллион 388 ҳазору 265 сомонӣ ва 428 ҳазор доллари ИМА барқарор карда шудааст.Дар ҳудуди ҷумҳурӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ 9044 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2007 3,6 фоиз зиёд мебошад. Ҷиноятҳои вазнин бошад дар ин давра 1786, нисбати соли 2007 -3,1 фоиз ташкил медиҳад, ки тамоили пастравӣ дорад, қайд кард Бобохон Бобохонов. Дар ин давра мақомоти прокуратура тафтиши пешакӣ 1579 парвандаҳои ҷиноятиро ба охир расонида зарари дар рафти тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ руёнидашуда 1 миллиону 368 ҳазору 889 сомонӣ ва 98 ҳазор доллари ИМА ташкил медиҳад.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






