БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ МАҚОМИ ҲАМОҲАНГСОЗИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ИДМ
Бишкек, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Дар пойтахти Қирғизистон — шаҳри Бишкек машварати роҳбарони муассисаҳои давлатии илму техникаи мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Ассотсиатсияи байналхалқии академияҳои илмӣ ширкат меварзанд. Дар машварат масъалаҳои таъсиси маркази байнидавлатии дастовардҳои нави илмии технологияи зарравӣ дар заминаи Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии Дубна ва ташкили сохтори воҳиди илмӣ ва таҳқиқотии давлатҳои ИДМ баррасӣ карда мешаванд. Илова бар ин ташкили мақоми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти илмию дар ИДМ мавриди муҳокима карда мешавад. Ҳадафи он ба роҳ андохтани ҳамкорӣ дар соҳаи муайян кардани самтҳои ҳамкории давлатҳо, инчунин масъалаҳои стратегии рушди иқтисодиёт ва илми мамлакатҳои ИДМ дар давраи то соли 2020 мебошад. Дар машварат намояндагони муассисаҳои илмии Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Украина ва Белорусия иштирок доранд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






