ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИИ КОРХОНАҲО
Душанбе, 3 октябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нимсолаи аввали соли 2008 натиҷаи фаъолияти молиявии корхонаю ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда бо маблағи 192,4 млн.сомонӣ даромади балансӣ анҷом ёфт, ки ин нисбат ба нимсолаи якуми соли 2007 119,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Корхонаҳои фоидаовар 60,4 фоизи шумораи умумии корхонаю ташкилотҳои ҳисоботдиҳандаро ташкил дода, маблағи фоидаи онҳо нисбат ба нимсолаи соли 2007-ум 45,2 фоиз зиёд шуд. Маблағи умумии корхонаҳои зарардида дар нимсолаи якуми соли 2008 нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 — 39,4 фоиз кам гардида, таносуби онҳо аз шумораи умумии корхонаҳои ҳисоботдиҳанда 29,1 фоизро ташкил дод.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






