ИШТИРОКЧИЁН ПОЙГАИ ҶАҲОНИИ ДӮСТӢ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД

Октябрь 2, 2008 15:31

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). –Имрӯз дар Душанбе маросими истиқболи ботантанаи иштирокчиёни пойгаи ҷаҳонии дӯстӣ — 2008 баргузор мегардад. Котиби матбуоти раиси шаҳр Шавкат Саидов хабар дод, ки М. Убайдуллоев дар бораи қабули иштирокччиёни пойга дар сатҳи баланд ва таъмини амнияти онҳо зимни ҳаракаташон дар ҳудуди пойтахт қарори махсус қабул кард. Пойгаи дӯстӣ 6 сентябр аз шаҳри Остона шурӯъ гардида буд. Иштирокчиёни пойга аз шаҳрҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гузашта, ба пойтахти Тоҷикистон ворид мегарданд. Ҳадафи пойга ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, тақвияти равобити фарҳангӣ ва иҷтимоии намояндагони миллатҳои гуногун ва муносибатҳои дӯстонаи онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки барои иштирок дар пойга варзишгари касбӣ будан шарт нест.Ҳамаи хоҳишмандон барои иштирок дар он машъали фурӯзонро ҳамагӣ чанд метр бурда, ё онро чанд лаҳза ба даст гирифта, бо ҳамин дар таҳкими муносибатҳои дӯстона бо халқҳои дигар саҳм гузошта метавонанд. Мухбири АМИТ «Ховар ёдовар мешавад, ки машъали фурӯзони пойгаи дӯстиро солҳои гуногун шоҳдухтар Диана, бибӣ- Тереза, ҳунарпешаи машҳур Арнолд Шварсеннегер, варзишгар Муҳаммад Алӣ ва бисёр шахсони дигари машҳур ба даст гирифта, ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳкими ғояҳои сулҳ даъват намудаанд.

Октябрь 2, 2008 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид