МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ВУСЪАТИ ҲАМКОРИИ МИНТАҚАВӢ
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Намояндагони расмии мамлакатҳои иштирокдори барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Боку роҳу усулҳои вусъат додан ва тезонидани ҷараёни ҳамкории минтақавӣ ва ҳамгироиро баррасӣ намуданд. Дар маҷлис нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва тиҷорат, барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати тиҷорат ва нақшаи фаъолияти пажӯҳишгоҳи барномаи минтақавӣ барои солҳои 2009-2011 муҳокима шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси мазкур намояндагони расмии Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Бонки рушди Осиё, бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо, Хазинаи байналхалқии асъор, бонки рушди исломӣ, Муассисаи рушди СММ ва Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон дар ин маҷлис мушовири калони Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ Неъматҷон Бӯриев ширкат варзид, ки ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар барномаи мазкур мебошад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






