САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
Субҳи имрӯз 3 октябри соли 2008 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф овард. Истиқболи басо самимӣ ва меҳру муҳаббати зоҳирнамудаи мардум аз ҷониби худи онҳо чун шукргузорию қадрдонӣ ба сиёсати сулҳофарӣ, ободонию созандагӣ ва мардумпарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маънидод мегардад. Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Тоҷикобод бо шиносоӣ бо корҳои навъсанҷӣ дар қитъаи замини таҷрибавии ҷамоати деҳоти Нӯшор оғоз ёфт. Дар ҳамин ҷамоат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими тантанавии оғози корҳои азнавсозии марҳилаи сеюми роҳи Душанбе – Нуробод – Рашт – Ҷиргатол – Саритош иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби татбиқи ин лоиҳаи инвеститсионӣ бо харҷи 490 миллион сомонӣ азнавсозии 265 км роҳи байналмилалии Душанбе – Саритош, 137 км роҳҳои маҳаллӣ, сохтмони 19 пули нав бо таҷдиди 20 пули мавҷуда анҷом дода мешавад. Айни ҳол марҳилаи якуми он пурра анҷом ёфта, марҳилаи дуюмаш дар масофаи то ноҳияи Тоҷикобод бо суръат ва сифати баланд идома дорад. Дар марҳилаи сеюми он дар ҳудуди ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол бо харҷи 262 миллион сомонӣ азнавсозии 114 км роҳ, 9 пули мавҷуда ва сохтмони 3 пули нав дар нақша аст. Дар давраи татбиқи марҳилаи сеюми ин лоиҳа 500 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Дар марҳилаи дуюми он айни ҳол 270 нафар машғули кор мебошанд. Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод мулоқотҳои судбахш бо собиқадорони ҷангу меҳнат доир намуда, дар маросимҳои тантанавии ба истифода супурдани бинои нави шӯъбаи ноҳиявии «Тоҷиксуғурта» ва бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуд ва аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва Маркази фарҳангии ҷавонон дидан кард. Зимни шиносоӣ бо маҳсули меҳнати кишоварзони ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди минбаъдаи боғдорию ниҳолпарварӣ, картошкапарварӣ, парвариши занбӯри асал, чорводорӣ ва ғайра ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.