ШУМОРАИ КВОТАҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ ДУХТАРОН МЕАФЗОЯД
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 10 сентябр дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хабарнигорони ватанию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он муовини аввали раиси кумита Қиматгул Алибердиева оид ба натиҷаҳои фаъолияти кумитаи кор бо занон ва оила дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ маълумот дода, зикр кард, ки бо мақсади амалӣ гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии кишвар мувофиқи квотаи президентӣ» аз соли 2001 то ин ҷониб дар ҷумҳурӣ 5998 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдаст тибқи квота ба мактабҳои олӣ қабул гардиданд. То имрӯз аз байни онҳо 1604 нафарашон мактабҳои олиро хатм намуданд. Қ. Алибердиева афзуд, ки дар соли таҳсили 2008-2009 аз шумораи умумии 1007 нафар, ки тибқи квотаи президентӣ ба макотиби олии ҷумҳурӣ қабул гардиданд 550 нафарашон духтарон мебошанд. Аз ҷумла, 133 нафар аз вилояти Суғд, 209 нафар аз вилояти Хатлон, 68 нафар аз ВМКБ ва 140 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тариқи квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Қобили қайд аст, ки имрӯз шумораи умумии кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҳисоби занон, дар соҳаҳои тандурустӣ 330 нафар, фарҳанг 617 нафар, саноат, иқтисод, сохтмон ва энергетика 172 нафарро ташкил медиҳанд. Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ муовинони раиси кумита ва сардорони шӯъбаҳои он ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






