СОЛИ ОЯНДА ДАР ПОЙТАХТ 17 СТАНСИЯИ НАСОСИИ ОБКАШОНИ СОХТА МЕШАВАД
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Соли оянда дар пойтахт 17 стансияи насосии обкашонӣ сохта мешавад, ки онҳо барои обёрии дарахтону гулу буттаҳои хиёбону боғҳо ва дарахтзорони пойтахт истифода бурда мешаванд, гуфт дар ҷараёни иҷлосияи шаҳрӣ сардори раёсати ободонии шаҳри Душанбе Акбар Фаёзов. Ҳадаф аз амалӣ намудани ин иқдом сабзу хуррам гардонидани пойтахт ва аз хушкшавӣ нигоҳ доштани буттаю дарахтони он мебошад. Тобистони соли равон бо сабаби яку якбора аз меъёр гарм шудани ҳаво баъзе аз дарахтони боғу ҳои пойтахт хушкиданд ва ин ҳолат масъулини соҳаро водор сохтааст, ки нисбати ин масъала тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳамзамон раёсати ободонии пойтахт тасмим гирифтааст, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр гулу бутта ва дарахтони сояафкану ороишиеро шинонанд, ки ба иқлими Душанбе мутобиқ буда, бо таровату шукуфоии худ ба ҳусни пойтахт ҳусни тозае зам намоянд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






