«ТОҶИКМАТЛУБОТ» БА БУҶЕТИ ҶУМҲУРИ 3,1 МИЛЛИОН СОМОНИ НИСБАТ БА СОЛИ ГУЗАШТА

Октябрь 21, 2008 11:42

             Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар нӯҳ моҳи соли равон Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба буҷети ҷумҳурӣ назар ба ҳамин давраи соли 2007 ба маблағи 3,1 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардонистааст ва ҳаҷми умумии он ба 11,2 миллион сомонӣ расонида шуд, зикр кард муовини аввали раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Тӯхтабой Маҳмудов 21 октябр, зимни нишасти матбуотӣ.             Ӯ қайд кард, ки дар ин муддат ба 2521 адад мағоза ва 563 муассисаҳои хӯроки умумӣ ба аҳолӣ хизмат намуданд. Ҳаҷми умумии муомилоти чаканаи мол 70,4 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 18,9 миллион сомонӣ зиёд аст.            Ҳаҷми хариди маҳсулоти кишоварзӣ ба 55,6 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20,3 миллион зиёд аст.           Маврид ба зикр аст, ки дар ин муддат 6267 тонна сабзавот, 3511 тонна картошка, 479 тонна гӯш, 3063 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 538,3 ҳазор донна тухм, 740 тонна меваи тар, 274,9 тонна шир ва маҳсулоти ширрӣ, 449 тонна маҳсулоти полезӣ ва 54,8 тонна чормағз захира шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Октябрь 21, 2008 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд