ҶАВОНОНИ ДУШАНБЕ АЛАЙҲИ СПИД МУБОРИЗА МЕБАРАНД
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 1-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди СПИД-ро қайд менамоянд. Дар остонаи ин сана дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони Душанбе бар зидди СПИД мубориза мебаранд» амалиёти якмоҳа гузаронида шуд, ки он 1-уми декабр ҷамъбаст мегардад. Тибқи иттилои сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов, дар доираи амалиёти якмоҳа дар донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, марказҳои кӯдакон чорабиниҳои гуногуни тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шуд. Зимни сӯҳбату вохӯриҳо бо ҷавонону наврасон масоили нашъамандӣ ва оқибатҳои он, солиму тандурст нигоҳ доштани ҷомеа ва муборизаи ҷомеа бо вабои аср- СПИД матраҳ гардиданд. Инчунин, викторинаҳо, намоишҳои театрикунонидашуда ташкил ёфта, миёни ҷавонон ва наврасон китобчаҳо ва ҳар гуна навиштаҷот доир ба нашъамандӣ ва пешгирии оқибатҳои он паҳн карда шуд. Амалиёти якмоҳаи «Ҷавонони Душанбе бар зидди СПИД мубориза мебаранд» бо дастгири намояндагии Созмони байналмилалии CARE INTERNATIONAL дар Тоҷикистон гузаронида шуд.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






