ДАР МӮЪМИНОБОД НАРХИ 1 КИЛОГРАММ АНГИШТ 65 ДИРАМ АСТ
Мӯъминобод, 15 ноябр. (Амит «Ховар», Сулаймон Холов). — Ҷамъияти тоҷикматлуботи ноҳияи Мӯъминобод ба хотири таъмин намудани аҳолии минтақаи Кӯлоб бо маводи сӯзишворӣ, дар ноҳия 7 нуқтаи фурӯши ангишт ташкил намудааст. Мудири шӯъбаи маҳсулоттайёркунии Ҷамъияти тоҷикматлубот Ҷамолхон Самадов гуфт, ки дар нуқтаҳои фурӯши ангишт нархи 1 килограмми он ба 65 дирам расонида шудааст. Ӯ илова намуд, ки барои гузаронидани зимистон ҷамъияти онҳо 80 тонна ангишт, 12 куб ҳезум, 32 тонна меваи хушк ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ намудааст. Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби нуқтаҳои фурӯши ангишт айни замон ба аҳолӣ ба маблағи 1200 сомонӣ ангишт фурӯхта шудааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






