УСУЛИ НАВИ АМАЛИЁТИ ҚОЧОҚЧИЁН

Ноябрь 27, 2008 09:17

       Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони гумруки майдони ҳавоии шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Далер Фирогатови 23 — соларо дар интиқоли маводи нашъадор гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд.       Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи мусофирони сайрхати Душанбе-Москва аз бағоҷи дастии Д. Фирогатов 3 бастаи селофанӣ мавиз ёфт шуд. Қочоқчӣ дар дохили ҳар як донаи мавиз лундачаҳои майдаи моддаи нашъадори героинро ҷой карда буд, ки вазни холиси он 796, 2 граммро ташкил медиҳад.  Д. Фирогаров ба кормандони гумрук иқрор шуд, ки ӯ ин миқдор маводро бар ивази қарзи пулӣ ба Федератсияи Россия интиқол диҳад.       Нисбати Далер Фирогатов парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, барои гузаронидани тафтиши пешакӣ ба прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонданд. 

Ноябрь 27, 2008 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд