ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ СУПОРИШҲОИ ПРЕЗИДЕНТРО ИҶРО МЕКУНАД ?

Ноябрь 20, 2008 09:33

      Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як қитъаи замин як қатор корҳоро ба анҷом расонид.        Аз маркази матбуот ва иттиллооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои мамлакат дар масоҳати 115 ҳазору 718 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст. Кишти такрорӣ дар ВМКБ 148 гектар, вилояти Суғд — 26 ҳазору 734 гектар, вилояти Хатлон — 70 ҳазору 20 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ҳазору 821 гектарро ташкил медиҳад.      Аз 115 ҳазору 718 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 413 гектарашро ғалладона, аз ҷумла ҷуворимакка барои дон — 24 ҳазору 782 гектар, шолӣ — 5 ҳазору 748 гектар, дигар ғалладонаҳо — 10 ҳазору 810 гектар, картошка — 1284 гектар, сабзавот — 12 ҳазору 542 гектар, полезӣ — 1880,5 гектар, зироатҳои техникӣ — 1006 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво — 57 ҳазору 666 гектар ташкил медиҳад.      Аз 7702 гектар майдони ҷамъоваришудаи кишти такрории зироатҳои ғалладонагӣ 14 ҳазору 757,7 тонна ҳосил гирифта шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар ба 19,2-сентнерӣ рост меояд.        Аз майдони ҷамъоваришудаи зироатҳои ғалладонагӣ то имрӯз 64 ҳазору 848 тонна хӯроки дурушт захира карда шудааст. Барои таъмини чорво бо хӯроки сабз дар шаклҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 29 ҳазору 506 гектар ҷуворимакка барои силос кишт карда шудааст. Аз он 150 ҳазору 90 гектараш то имрӯз ҷамъоварӣ гардида, 141 ҳазору 97 тонна силос истеҳсол шудааст.      Айни замон дар ҷумҳурӣ шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ давом дорад.

Ноябрь 20, 2008 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест