«ҒАЗАБИ» ПОЛКОВНИК ВОЕВОДИН

Декабрь 25, 2008 09:22

           Аввали  солҳои  50 — уми асри гузашта дар Иттиҳоди Шӯравӣ қисмҳои ҳарбии радиотехникӣ ташкил карда шуданд, ки вазифаи онҳо мушоҳида ва назорати фазои  минтақаҳои сарҳадии мамлакат буд. Маро  соли 1952 ба сифати корманди сиёсӣ барои хизмат ба яке аз чунин қисмҳои ҳарбӣ фиристоданд, ки дар Тоҷикистон ҷой дода шуда буд. Дар давоми ду соли хизмат фаҳмидам, ки  қисмҳои ҳарбии радиотехникӣ барои мушоҳидаи фазои мамлакат чӣ гуна имкониятҳои фаровон доранд.         Зиндагии ман дар Тоҷикистон аз ҳамин вақт шурӯъ шуд. Баъди  ба охир расидани мӯҳлати хизмат чанд муддат дар рӯзномаҳо кор карда, баъд  ба  ТоҷикТА омадам. Маълум аст, ки солҳои 60- ум  авҷи мусобиқаи мусаллаҳшавӣ ва  воҳимаи ҷанги сард ҳукмфармо буд. Ҳамон солҳо ҳавопаймоҳои ҷосуси мамлакатҳои дигар сарҳади давлатии Иттиҳоди Шӯравиро мунтазам рахна мекарданд.         Ман ин ҷо дар бораи  як воқеаи рахна кардани  сарҳади давлатии ИҶШС нақл хоҳам кард, ки ба туфайли он бо  полковник Воеводин шинос шудам. Дар байни кормандони идора  овоза шуд, ки  ҳавопаймои ҷосусии кадом як мамлакат сарҳади  давлатии  мамлакати моро рахна кардааст ва  он  аз  фазои Тоҷикистон парвоз карда гузаштааст. Кормандони рӯзномаҳо дар чунин маврид кӯшиш мекарданд, ки дар ин бора аввалин шуда хабар диҳанд.        Ҳамон вақт ҳавопаймои амрикоӣ Пауэрс бо  тайёраи ҷосусии У-2 аз сарҳади давлатии мамлакати мо гузашта буд ва ин воқеа сабаби ба миён омадани гапу калочаи зиёд гардид. Кормандони рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» шитобкорӣ карда, хостанд, ки дар ин бора аввалин шуда хабар диҳанд. Бинобар ин яке аз кормандони рӯзнома ба  посгоҳи сарҳадие  телефон кардааст, ки гӯё ҳавопаймои мазкур аз болои он гузаштааст. Мазмуни хабар чунин буд, ки  сарҳадчии  ҳушёру зирак, фарз кардем Иван Петров зимни посбонии сарҳад овози  мотори ҳавопаймои ҷосусро шунида, фавран ба сардорон хабар додааст. Онҳо дар навбати худ ба  «ҷои лозимӣ» хабар фиристодаанд. Рӯзномаи  «Коммунист Таджикистана» дар ҳақиқат аввалин шуда дар ин бора хабар дод. Аммо  хабари он ниҳоят соддалавҳона ва  ғайривоқеӣ буд. Ман   ба кормандони рӯзнома гуфтам, ки  кадом  сарҳадбон овози мотори ҳавопайморо  шунида метавонад, ки дар баландии  21 километр парвоз мекард. Вале онҳо  изҳор намуданд, ки асли воқеа чунин буд ва хабари дар рӯзнома чопшуда воқеӣ мебошад.           Баъд  ман ба ситоди  полки 33 — юми  мушоҳидаи фазо рафтам. Дар куҷо будани онро хуб медонистам, зеро худам дар ҳамин ҷо хизмат карда будам. Ба ман маслиҳат доданд, ки  ба  қумондони полк, полковник Воеводин муроҷиат кунам. Ӯ маро дар ӯтоқи кориаш қабул карда, ба унвони мухбирон ва рӯзноманигорон носазои зиёд  гуфт. Полковник мухбиронро гунаҳкор намуд, ки   Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатро шарманда кардаанд. Оё онҳо намедонанд ки сарҳадҳои мамлакатро кайҳо боз қисмҳои ҳарбии  радиотехникӣ назорат мекунанд? Ман ба полковник фармондам, ки  дар ҳамин ҷо хизмат кардаам ва шарафи полкро ҳимоя кардан мехоҳам. Ниҳоят полковник маро рӯ ба рӯяш шинонда, асли воқеаро нақл кард:           Мо  ҳавопаймои ҷосусии  Пауэрсро 120 километр дур аз хати сарҳади мамлакатамон ошкор намудем, ки вай ҳанӯз дар фазои Эрон парвоз мекард. Мо онро  то хати сарҳад назорат карда, баъд дар ин бора ба полки ҳамсоя хабар додем. Яъне гуфтан мумкин аст, ки хати парвози ҳавопаймои амрикоӣ то омадани  фармони зада ғалтондани он аз Маскав зери назорати мо қарор дошт. Ман хизматчиёни ҳарбиеро, ки  дар ин воқеа нақши муҳим бозидаанд, ба мукофоти давлатӣ пешниҳод кардам, гуфт фармондеҳи полк.           Ман дар ин бора хабари расмӣ навишта, аз номи  «ТоҷикТА», бар рӯзномаҳо, радио ва телевизион фиристодам. Вале  муовини сармуҳаррири рӯзномаи  «Коммунист Таджикистана»   Т.Каратигина хабари моро дар рӯзнома чоп накард. Вай зикр намуд, ки дар ин бора  хабари худи рӯзнома чоп шудааст ва ҳоҷати дубора чоп кардани он нест.        Баъд ман дар ин бора ба шӯъбаи ташвиқу тарғиби Кумитаи марказӣ телефон карда, бо муовини  мудири он  Мирзо Бобоҷонов маслиҳат карданд. М.Бобоҷонов худаш иштирокчии ҷанг буд ва ба ин масъалаҳо хеле хуб сарфаҳм мерафт. Пулемёти ӯ дар Осорхонаи Қувваҳои мусаллаҳ дар Маскав гузошта шудааст. М.Бобоҷонов аз ин шитобкории кормандони  «Коммунист Таджикистана»  ба қаҳру ғазаб омад.        Сипас, ба фикрам ман бо дахолати М.Бобоҷонов хабари ТоҷикТА дар бораи ин воқеа дар шумораи навбатии «Коммунист Таджикистана» чоп шуд. Ман шумораи рӯзномаро харида, ба полковник Воеводин  занг задам. Вай аз ман хоҳиш кард, ки рӯзномаро гирифа ба наздаш равам.        Полковник хабарро бо диққат хонда баромад ва  қаноатмандона гуфт: «Ана, ин  гапи дигар».       Баъд ман борҳо бо полковник Воеводин ҳамсӯҳбат гардида, дар бораи  полки ӯ чандин хабарҳо чоп кардам. Боре ман ба ӯ дар бораи  оғози хизмати ҳарбии худ дар полк нақл кардам. Ҳамон вақт фармондеҳи полк подполковник Дубовик буд. Вай суханбозиро дӯст медошт  ва ҳар рӯз аскаронро қатор карда, дар ҳузури онҳо дар ҳар мавзӯъ  «маърӯза»  мехонд.       Полковник Воеводин баъди яке аз сӯҳбатҳо изҳор намуд, ки  имрӯз дар назди хизматчиёни ҳарбӣ вазифаҳои калон гузошта шудаанд. Онҳо маҳорати калони касбӣ доранд. Техника низ талаботи  онҳоро қонеъ гардонида метавонад.         Ман аз полковник хоҳиш кардам, ки  минбаъд дар бораи  воқеаҳои муҳимтарини ҳаёти полк ба ман хабар диҳад ва ман ин хабарҳоро дастраси хонандагон гардонам. Полковник ин таклифи маро қабул кард ва  ҳамкории мо бо ӯ чандин сол идома дошт.

Декабрь 25, 2008 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад