ҲАМДАСТИИ ПОКИСТОН ДАР АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТИИ МУМБАЙ РАД КАРДА МЕШАВАД

Декабрь 4, 2008 12:05

        Исломобод, 4  декабр.  (АМИТ «Ховар» — Евронюс). —  Президенти  Покистон  Осаф Алии Зардорӣ  даъвоҳои  маъмурияти  Ҳиндустонро  дар  бораи  ҳамдастии  Покистон  ба амалиёти террористии дар  шаҳри  Мумбай анҷомдодашуда  рад  намуд.  Вай  таъкид  кард, ки  Покистон  ба  ҳеҷ ваҷҳ  масъулияти  ин  амалиётро   ба  зиммаи  худ  намегирад. Алии  Зардорӣ изҳороти  мақомоти  махсуси  Ҳиндустонро  дар  бораи   шаҳрванди  Покистон  будани яке аз  террористони  дастгиршуда  бо  номи  Аъзам Амири Қассоб  зери  шубҳа  қарор  дод. Вай   зикр  намуд, ки  Покистон  тайёр  аст  дар  тафтиши  ин  амалиёт  бо  Ҳиндустон  ҳамкорӣ  кунад.  Роҳбарони  Ҳиндустон  борҳо  изҳор  намуданд, ки  ташкилкунандагони  амалиёти террористӣ  қувваҳои  муайяни  сиёсии  Покистон  мебошанд. Ба  қавли  мақомоти  дахлдори  Покистон,  амалиёти  мазкурро  ҷангиёни  созмони  террористии  исломии «Лашкари  Тоиба» анҷом  додаанд.  Бояд  гуфт, ки  фаъолияти  созмони  мазкур  дар  худи  Покистон  манъ  карда шудааст.                Президенти  Покистон  таъкид  кард, ки  агар ҳақиқати  даъвоҳои роҳбарони  Ҳиндустон  исбот  шавад,  Покистон  тайёр  аст гунаҳкорони  содир  гардидани  ин  амалиётро  ёфта,  онҳоро  ҷазо  диҳад. Вақти он  расидааст, ки мо  проблемаҳои  мавҷударо  якҷоя  ҳал  кунем,  гуфт  Президенти  Покистон.

Декабрь 4, 2008 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд