ҶАСАДИ МАРДИКОРОНИ ТОҶИК БА ВАТАН ФИРИСТОДА ШУДАНД
Маскав, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Ҷасади 2 шаҳрванди тоҷик — Камол Ғафуров ва Рустам Боймуродзода, ки 10 декабр дар натиҷаи фурӯ рехтани бино дар маҳаллаи Староконюшнии шаҳри Маскав ҳалок шуда буданд, 12 декабр ба ватан фиристода шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз намояндагии раёсати муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон дар Русия хабар доданд. Бинои мазкур хеле кӯҳнаю фарсуда буд ва онро мардикорон тармим мекарданд. Дар натиҷаи ин фалокат 4 шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Русия ҳалок шуданд. Наҷотдиҳандагон шикастапораҳои биноро сари вақт тоза карда натавонистанд, бинобар ин се мардикор дар зери шикастапораҳои бино монда буд. Ҷасадҳои ду мардикори дигари тоҷик Кароматулло Маҳмудов ва Кароматулло Нозимов, ки сокинони шаҳрҳои Норак ва Ваҳдат мебошанд, рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Сабабҳои рух додани ин фалокатро прокуратура тафтиш мекунад.