АШЪОРИ РӮДАКӢ ДАР АМРИКО БО ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ЧОП ШУД
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар Амрико нахустин маҷмӯаи ашъори cардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тарҷумаи англисӣ нашр шуд. Ин маҷмӯа достон, қасида, панду ҳикмат ва рубоиёти шоирро бо забонҳои форсӣ ва англисӣ дар бар мегирад. Ин нахустин баргардони осори Рӯдакӣ ба забони англисӣ набуда, нахустин баргузидаи тарҷумаи осори Рӯдакист, ки дар 135 саҳифа ба шакли китоб дар Амрико ба нашр расидааст. Дар ин китоб, ки «Падари сурудҳо» ном гирифтааст ва аз ҷониби нашриёти «Purdue University Press» ба табъ расидааст, беҳтарин намунаҳои ашъори Рӯдакӣ гирд оварда шудаанд, тарҷумаи ин ашъор ба қалами профессори Донишгоҳи «Бостон», тарҷумон ва шоир Сосони Таботабоӣ тааллуқ дорад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






