ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ПОЙТАХТ АНБОРИ ТОҶИРИ ЭРОНӢ СӮХТ

Декабрь 2, 2008 15:43

           Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони озмоишгоҳи махсуси илмию тадқиқотӣ ва шӯъбачаи тадқиқи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълум намудани сабаби сӯхтори шаби 29-уми ноябр, ки дар кӯчаи Пирогова 1-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, дар анбори нигоҳдории қолину гилем ва дигар молу ашёи синтетикӣ рух дод, чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.        Бояд зикр намуд, ки анбори мазкур ба шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Хоксор тааллуқ дорад. Амволи ӯ мансуб ба ҶДММ-и илмию истеҳсолии Иттифоқи Тоҷикматлубот буда, ба тоҷир барои истифодабарии иҷора дода шуда буд. Аз маркази матбуоти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сӯхтор соати 22-ю 55 дақиқа ба вуҷуд омадааст. Баробари садо додани бонги хатар гурӯҳи навбатдори ВКД бо 5 автомашинаи соҳавӣ ба ҷойи ҳодиса мераванд. Дар натиҷаи амалӣ кардани чораҳои фаврӣ — тактикии оташнишонӣ, ба онҳо муяссар мешавад, ки сӯхторро аз соати 23-ю 55 дақиқа то 00.47 дақиқа хомӯш намоянд.

Декабрь 2, 2008 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад