ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ 17 КИТОБХОНА ТАРМИМ ШУД
Хуҷанд, 3 декабр. ( АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Сармутахассиси Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Набиҷон Ҷӯраев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки роҳбарияти мамлакату вилоят муассисаҳои фарҳангӣ ва хусусан китобхонаҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд ҳам, дар фаъолияти онҳо то ҳол проблемаҳои ҳалнашуда зиёданд. Ба қавли ӯ, ба қарибӣ дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо кӯмаки роҳбарияти вилоят қубурҳои фарсудашудаи об пурра иваз карда шуданд. Дар ноҳияи Мастчоҳ 17 китобхона пурра тармим карда шуд.Айни ҳол дар вилояти Суғд 348 китобхона фаъолият дорад. Ин китобхонаҳо умуман 2,6 миллион нусха китоб доранд. Бояд гуфт, ки ганҷинаи китобхонаҳои вилоят сол то сол ғанитар мегардад. Масалан, ба қарибӣ дар давоми маъракаи тобистонаи «Корвони ваҳдат» ба китобхонаҳои вилоят қариб 10 ҳазор нусха китоби нав тӯҳфа карда шуд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






