ДУХТУРОНИ ХАТЛОН БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ХАВФНОК ТАДБИРҲО МЕАНДЕШАНД
Қӯрғонтеппа, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Духтурони эпидемиологи вилояти Хатлон барои пешгирии заҳрнокшавии одамон аз хӯрокҳои гуногун (ботулизм) тадбирҳо меандешанд. Сардухтури санитарии вилоят Ҳаким Худойбердиев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки заҳрнокшавии одамон аз хӯрок дар вилоят аз фасли тирамоҳ ба қайд гирифта нашудааст. Бо вуҷуди ин, мутахассисони маркази санитарию эпидемиологӣ ба ҳар гуна вазъият тайёрӣ дида, дар байни аҳолӣ роҳҳои пешгирии бемориро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Бо ин мақсад мулоқотҳо ва тафтишҳо гузаронида мешаванд. Ба қавли мутахассисон, одамон асосан дар давраи ҷашну маъракаҳои оилавӣ аз рӯи беэҳтиётӣ ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Соҳибхоназанон бояд зимни пухтани хӯрок ва тайёр кардани консерваҳои гуногун ба қоидаҳои санитарӣ риоя намоянд. Хабар дода мешавад, ки айни ҳол дар муассисаҳои тиббии вилоят барои эҳтиёт доруҳои зарурии табобати беморӣ захира карда шудаанд. Воқеаҳои гирифтор шудани одамон ба ин беморӣ қабл аз ин дар ноҳияҳои Хуросон, Ёвон ва Қубодиён ҷой дошт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






