ГУРӮҲИ ҲУНАРӢ БА САФАР БАРОМАД
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Гурӯҳи этнографию фолклории «Навои Бадахшон» ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сафари ҳунарӣ баромад. Ин сафар ба туфайли кӯмаки мақомоти маҳаллӣ сурат гирифт. Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки гурӯҳи «Навои Бадахшон» таҳти роҳбарии ҳунарпешаи маъруф Абдулшаҳид Саодатшоев дардавоми солҳои охир бори аввал ба сафари ҳунарӣ баромад. Гурӯҳи мазкур овозхонон, мутрибон ва раққосони маъруфи вилоятро муттаҳид мекунад. Онҳо аксарияти асбобҳои мусиқии халқиро менавозанд. Аввали соли 2009 сафари ҳунарии гурӯҳи «Навои Бадахшон» ба пойтахти мамлакат ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






