ХАРИДАНИ ТАҶҲИЗОТ БАРОИ ЛАБОРАТОРИЯҲО ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади самаранок истифода бурдани маблағҳои Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Ҷаҳонӣ, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» таъсис дода шудааст. Муассисаи мазкур дар ин самт фаъолияташро хуб ба роҳ монда, баҳри ҳалли масъалаи қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва зиёд кардани даромаднокии соҳа корҳои зиёдеро анҷом дод. — Бо маблағгузории Маркази идораи лоиҳаҳо тибқи лоиҳаи «Рушди бозори пахта» дар се минтақаи ҷумҳурӣ — шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Бохтар 3 лабараторияи санҷиши нахи пахта таъмиру азнавсозӣ шуда, ба ихтиёри Корхонаи муштараки ҶСП «Тоҷикистон — ВИС» (санҷиши мустақили пахта) вогузор карда шудааст. Харидани таҷҳизоти зарурӣ барои фаъолияти ин лабараторияҳо давом дорад,- иброз дошт сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов ба мухбири АМИТ «Ховар».








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






