КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ 100-СОЛАГИИ Б. ҒАФУРОВ
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Академик Бобоҷон Ғафуров-тадқиқотчии барҷастаи таърихи Осиёи Марказӣ». Таҳти чунин унвон 24-уми декабр дар Душанбе ба ифтихори садумин — солгарди яке аз шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад. Конфронс бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академяи илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Дар конфронс олимону донишмандони тоҷик ва кишварҳои хориҷӣ, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, парлумон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок менамоянд. Беш аз 30 олими шинохтаи тоҷик дар ҷараёни конфронс бо маърӯза баромад мекунанд. Онҳо доир ба паҳлӯҳои арзишманди ҳаёт ва фаъолияти ходими намоёни давлатию ҷамъиятии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, бахусус саҳми Б. Ғафуров дар дифои нақши таърихӣ, фарҳанги тамаддунсозии халқи тоҷик дар Осиёи Марказӣ, саҳми Б. Ғафуров дар рушди шарқшиносии ҷаҳон, Б.Ғафуров ва проблемаҳои забоншиносии тоҷик, нақши «Тоҷикон»- и Б.Ғафуров дар рушди афкори иқтисодии халқи тоҷик, саҳми Б.Ғафуров дар эҳё ва рушди таъриху тамаддуни тоҷикон табодули назар менамоянд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд






