КОНСУЛХОНАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ БА КОРГАРОНИ МУҲОҶИР ЁРӢ МЕРАСОНАД

Декабрь 6, 2008 11:32

               Душанбе, 6 декабр. ( АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Рӯзҳои охир баъзе расонаҳои гурӯҳии Русия ва Тоҷикистон хабар доданд, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар Екатеринбург барои напардохтани музди кори семоҳаашон корпартоӣ мекунанд. Сардори раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ин масъаларо шарҳ дода, зикр намуд, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар Екатеринбург на барои гузаронидани корпартоӣ, балки барои гирифтани музди корашон ҷамъ омадаанд.          Консулхонаи Тоҷикистон дар Екатеринбург ҳамроҳи намояндагиҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилии Русия барои ҳалли ин масъала тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Масъалаи мазкур тақрибан ҳал карда шудааст, гуфт дар хотима Давлат Назриев.

Декабрь 6, 2008 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд