МАҚСАДИ АСОСӢ БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИ ЗИНДАГИИ НИЁЗМАНДОН АСТ

Декабрь 9, 2008 11:32

          Душанбе, 9 декабр. (АМИТ Ховар, Фарангис Раҳимова).- Ташкилоти байналхалқии Оперейшн Мерсӣ солҳост, ки дар самти беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар дорад. Тавре намояндаи ташкилоти мазкур Собирҷон Сафаров ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, шӯъбаи Оперейшн Мерсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якҷоягии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Иди Қурбон ба Хона-интернати беморони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Ҳисор маводи хӯрока, аз ҷумла 500 кг орд, 100 кг шакар, 2 дона аробачаҳо барои маъюбон ва 5 ҷуфт асобағал ҳадя намуданд, ки маблағи умумии он 2244 сомониро ташкил медиҳад.         Шӯъбаи Оперейшн Мерсӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 15 сол аст ки фаъолият мекунад. Мақсади асосии ин барнома беҳтар намудани вазъи зиндагии ниёзмандон аз ҷиҳати ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодист. 

Декабрь 9, 2008 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад