МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ АФҒОНИСТОН ДАР ФАРОНСА

Декабрь 15, 2008 11:04

             Душанбе,  15  декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). –   Вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  бо  даъвати   вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Фаронса  Бернар  Кушнер  ба  ин  мамлакат  рафт. Ӯ  дар  ин  ҷо  дар  машварати  бахшида ба   ҳамкории  минтақавии   Афғонистон  бо  мамлакатҳои  ҳамсоя  иштирок  хоҳад  кард. Дар  машварат  вазири  корҳои  хориҷии  Давлати  Исломии  Афғонистон,  намояндаи  махсуси  муншии  умумии  СММ ва    намояндагони  вазорату  идораҳои  мамлакатҳои  ҳамсояи  Афғонистон  иштирок  мекунанд. Ҳамрохон  Зарифӣ  дар  муҳокимаи  ҳамаи  масъалаҳои  бамиёнгузошташуда  фаъолона  иштирок  хоҳад  кард. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   дар  машварат   масъалаҳои  тақвияти  мубориза  ба  муқобили  терроризм,  ифротгароӣ,  мубориза ба  муқобили  хариду  фурӯши  гайриқонунии  маводи  нашъадор ва  аз  ҷиҳати  иқтисодӣ   танҳо  гузоштани  Афғонистон  баррасӣ  карда  мешаванд.  Ҳамрохон  Зарифӣ  зимни  сафар  бо  вазирони  корҳои  хориҷии   мамлакатҳои  дигар  силсилаи  мулоқоту  сӯҳбатҳо  анҷом  хоҳад  дод.

Декабрь 15, 2008 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад