МУЛОҚОТ БО КАЙҲОННАВАРД ПАВЕЛ БЕЛЯЕВ

Декабрь 18, 2008 10:57

                    Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», О.Соболев). — Имрӯз парвози инсон ба кайҳон ба воқеаи муқаррарӣ табдил ёфтааст. Хабарҳо дар бораи парвози одамон ба кайҳон бе ягон овозаю дарвоза дар қатори хабарҳои муқаррарӣ чоп карда мешаванд. Вақтҳои охир ҳамроҳи кайҳоннавардон парвоз кардани одамони сарватманд ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин одамон барои парвоз ба кайҳон то 30 миллион доллари ИМА мепардозанд.Вале аввали солҳои 60 -уми асри гузашта вазъият тамоман дигаргуна буд. Шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Гагарин моҳи апрели соли 1961 дар таърихи инсоният бори аввал ба кайҳон парвоз кард. Ин ҳамон солҳо воқеаи муҳимтарини ҷаҳон буд. Баъд аз ин Герман Титов, Валентина Терешкова, Андриан Николаев, Павел Попович, Валерий Биковский, Павел Беляев ва дигарон ба кайҳон парвоз карданд.                    Аз ин ҷумла, П.Беляев бо киштии кайҳонии «Восход — 2» моҳи марти соли 1965 ба фазои кайҳон парвоз кард. Ҳамон солҳо ба ҳамаи кайҳоннавардон унвонҳои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Лётчики кайҳоннаварди ИҶШС дода, дар бораи онҳо дар рӯзномаҳо хабару мақолаҳои сершумор чоп карда мешуд. Соли 1966 дар Душанбе анҷумани комсомолони Тоҷикистон баргузор гардид. Воситаҳои ахбори оммавӣ дар давраи тайёрӣ ба анҷуман хабар доданд, ки дар он яке аз кайҳоннавардон ширкат меварзад. Вале маълум набуд, ки кадом кайҳоннавард ба Душанбе меояд.                   Анҷумани комсомолони ҷумҳурӣ дар театри ба номи Лоҳутӣ баргузор гардид. Ба мо хабар доданд, ки дар он лётчики кайҳоннавард Павел Беляев иштирок дорад. Ба ман супориш дода шуд, ки дар бораи ӯ мақола нависам.  Кори ман аз лаҳзаҳои аввали ба театр омаданам барор гирифт. Ман ба бинои театр ворид гардида, кайҳоннаварди машҳурро дар даҳлези он вохӯрдам.Мулоқоти мо лаҳзае сурат гирифт, ки дар анҷуман маросими овоздиҳӣ баргузор мегашт. П.Беляев аз фурсат истифода бурда, дар даҳлези театр суратҳои ҳунарпешагонро тамошо мекард. Ӯ қомати на он қадар баланд ва расо дошт. Либоси ҳарбӣ ба қомати кайҳоннавард мезебид. Сари синаи ӯро медали «Ситораи тилло» оро медод. Вақте ки яке аз кормандони комсомол бо кайҳоннавард хайру хуш карда, ба толори театр даромад, ман ба ӯ наздик шуда, салом додам ва мақсади худро баён кардам. П.Беляев розӣ шуд, ки бо ман 10 -15 дақиқа сӯҳбат кунад. Мо ҳамроҳи ӯ дар гирди мизи на он қадар калони дар даҳлези театр гузошташуда нишастем.Табиист, ки ман дар ин лаҳзаҳо сахт ба ҳаяҷон омада будам. Зеро дар назди ман шахси машҳур ва овозадор менишаст. Вале худи лётчики кайҳоннавард шахси оддӣ буда, бо ман озодона сӯҳбат мекард. Оҳанги суханронии у ягон нишонаи такаббур ё ифтихор надошт. Аз нақли ӯ маълум шуд, ки қабл аз парвози инсон ба кайҳон муддати тӯлонӣ тайёрӣ дида шуда буд. Киштии нахустини шӯравӣ моҳи майи соли 1960 беодам ба кайҳон парвоз карда буд. Баъд дар давоми парвози киштиҳои дигар проблемаҳои сершумори таъминоти ҳаёти инсон дар кайҳон ҳал карда шуданд.                    Вақте Сухан дар бораи кайҳоннаварди нахустин Ю.Гагарин рафт, П.Беляев изҳор намуд, ки вай ба эътимоднокии кори тамоми қисмҳои киштии кайҳонӣ боварии комил дошт. Бинобар ин бо дили пур ва руҳи қавӣ чанд лаҳза пеш аз парвоз хитоб карда буд: «Поехали!».                  П.Беляев афзуд, ки ҳамаи кайҳоннавардон дар давраи тайёрӣ ба парвоз тамоми қисмҳои киштии кайҳониро меомӯзанд. Зеро зимни парвоз ба онҳо лозим меояд, ки ҳар гуна шикасту рехти киштиро худашон бартараф кунанд.П.Беляев зикр кард, ки ҳангои машқ ва парвоз дар кайҳон фишор ба ҷисми инсон аз меъёри муқаррарӣ даҳҳо баробар бештар мегардад. Вай ба ман дар бораи шаҳраки кайҳоннавардон, фаъолияти космодромҳо, ракетаҳои кайҳонӣ ва имконияти истифодаи техникаю технологияи кайҳонӣ барои ҳалли проблемаҳои илм ва иқтисодиёт нақл намуд.                  Баъд Павел Иванович ғайричашмдошт пурсид:                 — Шумо тақрибан 40 солаед, аммо мӯи саратон сафед шудааст, чаро ?                 Ман ба ӯ нақл кардам, ки то 17 — солагиам дар Петергоф таҳсил кардам ва баъди сар шудани ҷанг ихтиёрӣ ба фронт рафтам. Соли 1941 бори аввал дар ҷанг иштирок намудам. Баъд муҳосираи Ленинград шурӯъ шуд, ки 900 рӯз давом кард. Ман ҳамроҳи аскарони Шӯравӣ то Берлин рафтаам. Чандин маротиба маҷрӯҳ шуда, дар шифохонаҳо табобат гирифтам. Мӯйи сарам зимистони соли 1942 сафед шуд.                 Сӯҳбати мо бо пайдо шудани суратгири яке аз рӯзномаҳо қатъ гардид. Вай акси маро ҳамроҳи кайҳоннавард гирифта, ваъда дод, ки дар рӯзнома чоп хоҳад кард. Ба фикрам ин сурати нахустини кайҳоннаварди машҳур дар Тоҷикистон буд.                Сипас Павел Ивановичро ба толори анҷуман даъват карданд. Павел Иванович дастони маро фишурда, бо ман хайру хуш кард ва саломатию барори кор орзу намуд. Ман имрӯз бо таассуф ёдовар мешавам, ки Павел Иванович Беляев баъди панҷ соли парвозаш ба кайҳон вафот карда буд.                 Баъд ман тобистони соли 1970 бо сафари хидмати ба шаҳри Маскав рафтам. Кормандони ТАСС моро ба қабристони Новодевичие бурданд. Ман дар ҳамин ҷо қабри ҳамсари Сталин — Алилуева ва кайҳоннавард Павел Беляевро зиёрат кардам. Дар тахтасанги сари қабр акси кайҳоннавард бо скафандр тасвир карда шуда буд.                                                                                                                                             Тарҷумон — Қудратов А. 

Декабрь 18, 2008 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад