РОҲБАРИЯТИ ТУРКМАНИСТОН БОРИ АВВАЛ НОЗИРОНИ ХОРИҶИРО ДАЪВАТ НАМУД
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). – Намояндагони Тоҷикистон ҷараёни интихоботи парлумони Туркманистонро мушоҳида мекунанд, ки 14 декабр баргузор мегардад. Гурӯҳи нозирони тоҷик таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев дирӯз ба Ашқобод рафт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки инчунин нозирони мамлакатҳои гуногуни Аврупо, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва ИДМ барои мушоҳидаи ҷараёни интихобот ба Туркманистон даъват шудаанд. Тавре хабар дода шуда буд, роҳбарияти Туркманистон нозирони хориҷиро барои мушоҳидаи ҷараёни интихобот дар таърихи давлат бори аввал даъват менамояд. Ба ақидаи коршиносон, ин иқдоми роҳбарияти Туркманистон кӯшиши наздик сохтани мамлакат ба интихоботи демократии ғарб мебошад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






